Маҷлиси ҷамъбастии давраи ҳисоботии 9-моҳаи соли 2025 бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Санаи 29 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки судяи суди вилояти Суғд Рустамзода М. маҷлиси ҷамъбастии давраи ҳисоботии 9-моҳаи соли 2025 бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис судяи суди вилояти Суғд Рустамзода М. натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи суди шаҳри Итсиқлоли вилояти Суғдро таҳлил намуда дар иртибот тибқи супориши раиси суди вилояти Суғд муҳтарам Рушанзода С.Р. оиди аз ҷониби судяҳои суди вилояти Суғд ҳамчун сарпараст бо раисон ва судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муҳокима намудани натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2025 ҷиҳати баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, риояи қонунҳои моддию мурофиавӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал “Оид ба коргузорӣ дар судҳо”, ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, саривақт омода намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, дар муҳлат баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаи санади судӣ, дар муҳлат ирсол намудани парвандаҳои судӣ ба марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ, риояи интизоми меҳнат, худдори кардан аз амалҳои коррупсионӣ, бо судя ва кормандони дастгоҳи суд сӯҳбат гузаронида, ба иштирокчиёни маҷлис даъват ба амал овард, ки вазифаҳои хизматии худро дар доираи қонунҳои амалкунанда ва аз рӯи виҷдон иҷро намоянд.
Раисикунанда судяи суди вилояти Суғд Рустамзода М. ба ҳозирин дастур ва супориши дод, ки ҳангоми омода намудани ҳисоботҳои оморӣ аз пешниҳод кардани маълумотҳои носаҳеҳ дар хусуси пинҳон намудани баррасии парвандаҳои судӣ бо вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавӣ, нодуруст нишон додани шумораи таъинотҳои хусусӣ, мурофиаҳои сайёри судӣ, баромад дар садо, симо, чопи мақолаҳо ва суҳбату вохӯриҳо қатъиян худдорӣ намоянд.