ОИЛАИ МУСТАҲКАМ – АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА
Аз таҷрибаи судӣ мушоҳида мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ниҳоят паст будани сатҳи маърифати оиладорӣ мебошад. Сабаби дигари пош хурдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Дар миёни xавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кeдакони маъюб гардида истодааст. Мо-кормандони мақомоти судӣ, ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҷавононро дар руҳияи барпо намудани оилаи солим ва соҳиби фарзанди солим шудан тарбия намуда, ба онҳо мефаҳмонем, ки бекоршавии ақди никоҳ ба муҳити ҷомеа, ба кудакон таъсири манфӣ мерасонад.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, таҳти ҳимояи худ қарор додааст. ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Духтарони ба синни никоҳ расида, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои бо Конститутсия ба модару кудак додаи давлат, сол ба сол ғамхорӣ нисбат ба онҳо зиёд шуда, мавқеашон дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар гашта истодааст. Дар ин самт ҳамасола барнома ва стартегияҳои гуногуни давлатӣ ба тасвиб мерасанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи модару кудак, беҳдошти рисолати оиладорӣ, баланд бардоштани мавқеи занону духтарон, солимгардонии оила равона карда мешаванд.
ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷҷлиси Олӣ ба масъалаҳои оила ва оиладорӣ, нақши занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои модару кудак, тарбияи насли солим таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Зеро сол ба сол зиёд шудани пошхурии оилаҳои ҷавон, таваллуди фарзандони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ, ятиму бесарпаноҳ мондани кудакон, афзоиши сафи занҳои танҳо боиси ташвиши аҳли ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо гардидааст.
Дар Паём Президенти мамлакат бо овардани далелҳои муътамад ин мушкили ҷомеаро матраҳ намуд, ки ҷомеаи судяҳоро низ дар канор нагузошт. Мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар ин самт сармашrи кори худ қарор медиҳем. Зеро имрӯз дар судҳои Ҷумҳурӣ баҳсҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ, руёндани алимент, муқаррар намудани падарӣ, тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзил ниҳоят зиёд шуда истодаанд.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо волидайн уҳдадориҳои падару модарии худро, ки бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, пурра иҷро намекунанд. Аз ҷҷумла, дуруст омода накардани фарзанд ба муносибатҳои оиладорӣ, бармаҳал ба шавҳар додани духтарон аз бетаваҷҷуҳию бемасъулиятии падару модарон дарак медиҳад. Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» яке аз уҳдадориҳои падару модар фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намудани онҳо ба ҳисоб меравад. Маълум, ки никоҳи бармаҳал ва паст будани маърифтаи оиладорӣ ба барҳам хурдани оилаҳои ҷавон, ятим мондани кудакон ва ба миён омадани баҳсҳои судӣ оварда мерасонад.
Омилҳои дигари пош хурдани оилаҳо ин ба муносибати оиладории xавонон дахолат кардани волидон ва аз уҳдаи таъминоти оила набаромадани шавҳар мебошад. Зеро таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки аксари падару модарон шароити моддии худашонро ба назар гирифта, пеш аз он, ки фарзандонашонро хононанду соҳибкасб намоянд, онҳоро хонадор карданӣ мешаванд. Вақте писар мустақил нест, касб ва сарчашмаи даромад надорад, дастнигари падару модар аст, чӣ тавр метавонад оила барпо намуда, рузгорашро пеш барад? Маҳз дар чунин ҳолатҳо, бо дахолати волидон, оилаҳои xавон пош мехуранд.
Имрузҳо тамоюли зиёдшавии парвандаҳои судӣ, аз ҷумла афзоиши парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳ, ки заминаи ба миён омадани парвандаҳои оилавии категорияи руёндани алимент, маскун намудан ба манзил мегардад, аҳли ҷомеа ва судяҳоро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва дар оилаи солим ба воя расидани фарзандони ноболиғ мо судяҳо вазифадор мебошем, ки бо қабули таъинотҳои хусусӣ, бо роҳи гузарондани суҳбат ва вохуриҳо бо аҳли ҷомеа нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишварро ба мардум фаҳмонда, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи сокинони кишвар саҳмгузор бошем.
Раиси суди шаҳри Истиқлол Азаматзода М.А.