Пешвои миллат – ифтихори мардуми саодатманди Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳак Пешвои миллат ва маҳбуби ҳамагон мебошанд ва ин бе асос нест. Зеро, Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари ҳокимият омаданд, ки кишварро ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва мамлакати мо дар остонаи парокандагӣ қарор дошт. Ин шахсияти бузург тавонистанд бо шарофати сиёсати оқилона  халқи парокандаро сарҷамъ ва мамлакатро аз вартаи ҳалокат раҳои бахшанд. Давлату ҳукумат аз ин рӯзҳо сар карда диққати махсус ба ҷомеа ва ҷавонон нигаронида буд. Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустаққил яке аз аввалинҳо ба ҳисоб меравад.

Саҳми Пешвои миллат дар такомули таълиму тарбияи ҷавонон бузург мебошад. Ин шахсияти бузург ояндаи миллатро аз ҷавонон ҳисобида, ин нуқтаро дар Паёму баромадҳои худ пайваста қайд мекунанд. Бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари азизамон барои тарбияи насли ҷавон ахамиятӣ авалиндараҷа дода, як қатор стратегия, барнома ва қонунҳои зарури андешида шудааст, ки омили муҳим барои тарбияи ҷавонон ба ҳисоб меравад. Аз он ҷумла барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», инчунин дар Паёмҳои ҳамасолаи ироагардидаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки якчанд ҳадафҳоро дар бар мегирифт. Яке аз он ҳадафхо пурзӯр намудани санадҳои қонунгузорӣ мебошад, ки дар байни онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷой дорад, ки барои тарбияи насли ҷавон равона карда шудааст.

Имрӯзҳо барои донишандӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Талошу заҳматхое, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода мекашанд, шоистаи тасанност. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 бо мақсади дастгирии минбаъдаи ҷавонони лаёқатмади мамлакат ба Вазорати молия супориш доданд, ки маблағгузории фонди махсуси тарбияи мутахасисон дар хориҷи кишвар ду маротиба зиёд карда шавад. Инчунин дар дигар Паёми худ иброз доштанд, ки «зиёда аз 30 ҳазор ҷавонони лаёқатмандӣ мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил менамоянд». Ҳоло барои таълиму тарбия ва донишандӯзии ҷавонон дар кишвар 39 мактаби олӣ ва тақрибан 3,5 ҳазор мактабҳои миёна амал карда истодааст, квотаи Президентӣ ва стипендияҳо низ дар раванди таълим ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбати мо – ҷавонон гувоҳи медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 22 декабри соли 2016 соли 2017 – ро соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин сол барои мо – чавонон бисёр соли хотирмон  буд.

Имрӯзҳо, ки тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ҷангҳои иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд вусъат ёфта истодааст, аз ин рӯ мо ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бояд сиёсатҳои пешгирифтаи давлату ҳукуматро пайваста пайгирӣ намуда барои нест кардани амалҳои мазкур саҳмгузор бошем то ки сулҳ ваҳдат ва амнияти Ватани азизамон ҳифз гардад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем ва баҳри пешрафти он саҳмгузор ва пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем.

 

Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ

Раиси суди шаҳри Истиқлол