Терроризм ва экстремизм мушкилоти ҷаҳони муосир

Дар ибтидои асри 21 башарият бо мушкилоти ҷаҳоние рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм ва экстремизми байлалмилалӣ мебошад. Имрӯз терроризм на ин  ки хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналмиллалӣ низ ба худ касб кардааст. Зуҳуроти мазкур сабаби поймол гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон гардида, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.

Давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, пайваста қайд менамоянд, ки ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб якдилона бояд мубориза бурд ва барои нест кардани он кӯшиш ба харҷ дод. Зеро зуҳуроти мазкур боиси риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фалаҷшавии ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Чӣ тавре ки медонем, ҳар як ҳаракат ё зуҳурот омили пайдоиши худро дорад. Омили пайдошавии терроризм бошад ба экстремизм (ифротгароӣ) вобастааст. Чунки экстремизм (ифротгароӣ) ин даъват ба ноороми мебошад. Масалан, ақидаи шаҳрвандонро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ дигаргун сохта, боиси норозигии онҳо аз ҳокимияти давлатӣ мегардад.

Терроризм ҳоло тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, Ҳеч кишваре худро дар амониву осоиштагӣ эҳсос нахоҳад кард. Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаву канори олам бо амалисозии ҳадафҳои бадқасдона ба воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн мегарданд. Ин мақсадҳои ғаразноки онҳо бевосита ба фаъолияти созмонҳои динӣ- экстремистӣ алоқамандӣ дорад. Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеч як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.

Солҳои охир созмонҳое пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин ба экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм машғул мешаванд. Як нуктаро бояд хотирнишон сохт, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар зери ниқоби ислом кишвари азизамонро ба арсаи нестшавӣ оварда буданд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмўъ метавонад, ба тамоми ҷаҳон зарар расонад.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ терроризм ин содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре фаҳмида мешавад, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок, инчунин бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда мегардад.

Бояд қайд кард, ки сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ин қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон ба ҳисоб меравад. Агар созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои ҷаҳон зидди амалҳои зикршуда мубориза баранд, мумкин аст, решаҳои терроризм заиф гашта, таҳдиди хатарҳои террористӣ аз байн равад.

Инчунин, қайд  кардан лозим аст, ки аксарияти шахсоне, ки ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил гардидаанд, асосан ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд ва онҳоро ҷалб намудан бо роҳҳои гуногун ба сафи гурӯҳҳои террористӣ нисбатан осонтар аст. Барои пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба гӯруҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштирок дар ҷангҳои Ироқу  Сурия ва дар дигар давлатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҷиддӣ дида истодааст. Аз ҷумла қабул ва корбарии амали қонунҳо дар кишвар, омӯзиши фанни “Таърихи дин” дар муассисаҳои таҳсилоти миѐнаи умумӣ”, омӯзиши фанни “Ҳуқуқи мусалмонӣ” ва “Диншиносӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, тарбия кардани мутахассисон доир ба мубориза бо тундравӣ ва ифротгароӣ, аз ҳисоби донишҷӯѐни факултети ҳуқуқшиносӣ, тарҳрезии барномаи кӯтоҳмуҳлат ва миѐнамуҳлати ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ; тарҷумаи Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ, вохӯриҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хонандагон ва донишҷӯѐн оиди масъалаҳои вобаста бо терроризм ва экстеремизм.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанбаъ талош меварзад.  Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи давлат, Кодекси ҷиноятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Хотиррасон бояд кард, ки аз  ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 «Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2020» қабул шудааст, ки он сенздаҳ қисми муҳимро дар бар мегирад. Ватану миллатро дўст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо анҷом медиҳем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Ҳамин тариқ, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчи бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо- ҷавононро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии  сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиш ва нестшавии  афкори терорризмро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

 

                                                                                           Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ

                                                                                      Раси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд.