ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ.

 

Санаи 21 майи соли 2025 дар Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он кормандони суди шаҳри Истиқлол фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст Раиси шаҳр Маҳмудзода Қаюмҷон бо паёми табрикии худ баромад намуда, кулли ҷавонони шаҳрро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон сарбаландиву комёбӣ, бурдбориву саодатмандӣ ва мувафаққиятҳои пайваста дар кору пайкорашон таманно намуданд.
Қайд гардид, ки дар заминаи тадбирҳои судманди дастгирии сиёсатии давлатии ҷавонон ҳамасола дар кишвари азизамон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

 


Боиси хушнудиву ифтихор аст, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати муваффақонаи Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон ҷалби онҳо ба мақомҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони диёрро муваззаф мегардонад, ки барои боз ҳам бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани санаҳои фархундаи миллат, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи устувор ба пеш ҳаракат намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони мо минбаъд низ бо нерӯи созанда ва ақлу заковати хеш ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар гиромидошти арзишҳои миллӣ, ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҷаҳду талош намуда, баҳри рушди босуботи кишвар зиракии сиёсиро ҳамаша рӯи кор мегиранд.
Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр ба якчанд нафар ҷавонони фаъоли соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.


Аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи хуби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.