ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА — АМАЛИ НОМАТЛУБ

Зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки  ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад.  Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад,  чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» боиси беҳтар шудани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Дар баробари қонунҳои болозикр муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998, №682 ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо равона гардидааст.

Ҳамчунин соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид. Барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вобаста ба коҳиши зӯроварӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа чандин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ва ғайраҳо қабул карда шуданд.

Баҳри пешгирии ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид.

Оила, ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият, ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад. Ҳамчунин зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, бевосита дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии онҳо зиёд шуд.
Яке аз аввалин тадбирҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳисоб меравад. Он ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихикишвари соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа доранд.

Зӯроварӣ дар ҷаҳон яке аз шаклҳои маъмултарини табъизи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ин шакли зӯроварӣ аз тасавуроти нодуруст дар бораи нақш ва мавқеи нобаробари дар ҷомеа манша мегирад. Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол намуда, яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини зидди шахсият маҳсуб меёбад.

Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин зулм аст, хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии ҶТ барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Масъалаи «Зӯроварӣ дар оила» яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-уми марти соли 2013 таҳти №954 ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Хушунат зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ месозад. Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад. Бадбахтиаш дар он аст, ки агар зулм ба як нафар дода шавад, ранҷи ӯро тамоми аъзои оила мекашанд.

 

Хулоса, зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав нест. Мутаассифона, бисёре аз одамон, ҳам марду ҳам зан, лату кӯб ва рафтори бадро (ба мисоли ҳақорат, масхараву мазоқ кардан) байни аъзои оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун қисми муқаррарии ҳаёти оилавӣ мебинанд. Зӯроварӣ нисбат ба ҳамсарро одатан чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кори дохилии оилавӣ шомил мекунанд. Барои нест кардани ин падида бояд аввал ба ҷузъиётҳои он таваҷҷуҳ карда, роҳҳалҳои ин масъаларо дарёфт намуд.

 

Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ

Раиси суди шаҳри Истиқлол