Истиқлолият кафолати рушди устувории давлат

 

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат неъмати бебаҳост.

Дар таърихи ҳар халқу миллат ҳодисаю воқеаҳое рух медиҳанд, ки тақдири ояндаи халқу миллатро муайян намуда, онҳоро аз пошхўриву парокандагӣ ва нобудшавӣ нигоҳ медоранд.

Чуноне, ки Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз доштанд: «Имрўз ҳама мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад».

Рўйдоди воқеан сарнавишсоз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз парокандагию нобудшавӣ нигоҳ дошт, санаи 09-уми сентябри соли 1991 ба вуқўъ омад, ки дар ин рўз бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мардум Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардида давлати мо воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навини тоҷикон, волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

Тоҷикистон, ҳанўз аз қадамҳои нахустини худ ба сифати давлати мустақил дар роҳи қабули қонунҳо ва татбиқи он дар ҳаёти ҳамарўза кўшишҳои назаррас ба харҷ додааст ва бо шарофати Истиқлолият дар низоми қабули қонунҳо роҳу усули нав ҷорӣ гардид. Пеш аз ҳама қабули қонунҳои муҳим бо роҳи раъйдиҳӣ аз тарафи мардум шурўъ шуд. Баъдан, ҳангоми қабули қонунҳо фикру ақидаи шаҳрвандон, таклифу пешниҳоди онҳо, ҳамзамон хусусиятҳои хоси миллӣ ба назари эътибор гирифта шуданд, ки ин раванд то ба имрўз дар ҷараён мебошад.

Ғояи сиёсиву мафкуравии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон — ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад, ки ин нуқта ҳамеша дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз забони Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳанд.

Аз ин рў, ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла, ҳокимияти судиро зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои худиву гуруҳӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои тантана ва пойдории адолат, волоияти қонун, рўзгори осоиштаи шаҳрвандон ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳар як фарди ватандўст бояд як омили ниҳоят муҳимро аз мадди назар дур набарад: миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин пеш аз ҳама нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст.

Тоҷикистони соҳибихтиёр имрўз дар марҳилаи таърихии инкишофи  худ қарор дорад. Маҳс истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби беш аз 161 давлати  ҷаҳон  ба  расмият шинохта  шуд. Аз соли 1992 ин ҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 50 давлати хориҷӣ сафоратхонаҳо ва 20 консулгариҳо, 10 намояндагӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ дорад.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX мебошад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, назби давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти Тоҷикистон ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад.

Ин меъёр ҷавобгўи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон, бо ин пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.

Имрўз, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро мустаҳкам кардааст ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти Тоҷикистон барои ба ҳам наздикшавии тамаддунҳо, пеш аз ҳама арзишҳои фарҳангӣ кушода аст. Солҳои сипаригашта солҳои шиносоии халқи Тоҷикистон бо арзишҳои башар, анъанаҳои мусбати халқу миллатҳои дигар буданд. Дар ин самт дар муддати кўтоҳ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, аз ҷумла шиносоӣ бо таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонӣ ва омўзиши он, таҳлили ҳаматарафаи анъанаву арзишҳои мамолики ғарб ва шарқ ва ин ҳама ба таҳкиму инкишофи минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ мусоидат менамояд.

 

Раиси суди шаҳри Истиқлол Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ