Истиқлолият-рушду нумӯи давлатдории миллӣ

Истиқлолият чист, онро чӣ гуна бояд фаҳмид? Истиқлолият озодии шахс бо тамоми маъноҳояш дар меҳани худ аст. Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамин ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз мебошаду аксар кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлолият- ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост! Он барои мо барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оѓози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард. Ҳар фарди ҷомеа, хоҳ сарвар бошаду хоҳ посбони пеши дар бояд амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Ва хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Он шарафу номуси ҳар як давлати озод ва соҳибхираду соҳибэҳтиром буда, арзиши олии ватану ватандорӣ ва давлатсозию давлатдорӣ дар он таҷассум меёбад.  Маҳз дар партави истиқлол мо азму талоши фидокоронаи худро баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пиёда месозем. Истиқлол меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як шахс ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.
Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он то умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегардад.
Агар саҳфаҳои таърихро варақгардон намоему назаре ба солҳои 90-ум андозем, ба воқеияти талхе рӯ ба рӯ хоҳем гашт. Дар он давраи мудҳиш миллати моро зулму ситам, ҷангу фитна, нофаҳмоиҳои байниҳамӣ фаро гирифта буд. Тахминан як миллион нафар сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, гуреза шуданд.
Барои аз чунин ҳолат раҳонидани миллати тоҷик он замон абармардоне хизматҳои шоиста анҷом доданд. Пеш аз ҳама Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре буд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои бунёди давлати тоҷикон корнамоиҳои беназире нишон додан. Маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марди оқилу фарзона ба сари ҳокимият омада, тавонист, ки барои мо фазои солимеро фароҳам оварад ва дар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нақши аввалиндараҷаи худро гузорад. Бешак, кулли ободиву шукуфоии замони муосир аз ин абармарди ватандӯст маншаъ мегирад. Имсол истиқлоли мо 33-сола мегардад. 33 сол мешавад, ки дар кишвари озодаи мо офтоби истиқлол парафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ ниятҳои бунёдкорона ва имрӯзу фардоямонро мунаввар менамояд.
Мо дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ тавонистем, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешравии устувори миллатамонро таъмин созем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем.
Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 33-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Бояд гуфт, ки танҳо бо шарофати истиқлол ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони ҷаҳон ба ҳам муттаҳид гардида, дари худро ба ҳаммилатони бурунмарзӣ боз намуданд. Маҳз соҳибистиқлолӣ боис гардид, ки кишвари мо аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамояд, ки “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”. Аз ин бармеояд, ки ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ-Раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд.