Паёми Президент-заминаи таҳкими сулҳ, амният ва рушди миллӣ

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амали шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд.

Ироа гардидани Паём аз тарафи Роҳбари давлат ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва стратегияи рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарафманди тоҷик маҳсуб мешавад. Яъне Паём суханони барномавии Пешвои муаззами миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои пурифтихори созандаи давлату миллати шарафманди тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бояд қайд намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охири қарни сипаришуда, ки вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуд, агар аз як тараф, роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро ҳамчун унсурҳои марказии низоми давлатдории худ амиқан дар сатҳи конститутсионӣ муайян карда бошад, аз тарафи дигар, баҳри риоя ва таъмини меъёрҳои конститутсионӣ ниҳоди махсуси салоҳиятдор, яъне мақомоти суди кишварро аз нав эҳё кард ва  таъсис дод. Бешак, ин мақомот дар марҳилаи бунёди давлати миллӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки тариқи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон дурнамои фаъолияти давлат аз қабул ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки онҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мутобиқат доранд, ҳадафҳои давлат ва ормонҳои халқро дар худ инъикос намудаанд.

Бояд ишора намуд, ки таҷрибаи ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пас аз таъсис додани парлумони касбӣ, дубора барқарор кардани шакли идоракунии президентӣ ва ба роҳбарӣ гирифтани низоми давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд рӯи кор омада, аз ибтидои қарни XXI то имрӯз ҳамасола анҷом дода мешавад.

Албатта, фаъолияти мақомоти судӣ, ки  тавассути Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад,  ҳамчунин дар амалӣ сохтани адолати судӣ нақш ва аҳамияти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас маҳсуб меёбанд.

Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлатамон ба Маҷлиси Олии кишвар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошанд, баррасӣ гардида, дастуру супоришҳои мушаххас ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ, таъмин намудани адолати судӣ дода шуданд.

Маҳз бо ҳамин назардошт, мақомоти судӣ аз нахустин солҳои татбиқи таҷрибаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ онро ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ба роҳбарӣ гирифта, дар заминаи он нақша-чорабиниҳои далхдорро низ  қабул менамояд.
Аз ин рӯ, бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон иброз дошт, ки паёмҳои Президенти кишвар ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо дар таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ дар кишвар, баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ҳамзамон мукаммал намудани қонунҳои миллӣ нақши муҳиму ҳалкунандаи худро гузоштаанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар як анъанаи нек ва ояндасоз давоми 25 соли ироаи Паём  мавҷуд аст, ки он эълони соли минбаъд ҳамчун солгунаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар иқдомҳо мебошад.

Махсусан дар соли 2024 дар Паёми Сарвари давлат эълон гардидани Соли баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар кишварамон, ҳамчунин бо Пешниҳоди кишвари азизамон бо қабули қатънома аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2027 дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ аз сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишварамон дарак медиҳад ва бо ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона давоми якчанд соли охир дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин созмони бонуфуз мақоми баландро соҳиб аст.

Ҳамин тариқ, маврид ба зикр аст, ки стратегияи кишвари мо  таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои дунё минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке  баромадҳояшон қайд намуданд Тоҷикистони азизи мо тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои Ҷаҳон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад. Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.

Яъне бо камоли ифтихор бори дигар изҳор менамоям, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон бо Ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон азизу қарин гардонид ва мамлакати моро имрӯз 180 давлати дунё чун кишвари ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

 

Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ

Раиси суди шаҳри Истиқлол