ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ БАРОБАР ДОРАНД
Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷўҳи хосае зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем. Тарбияи кўдакро бояд бо назардошти табиати ў ва муҳит анҷом дод. Аз ин рў, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кўдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зўру танбеҳ амалӣ шавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кўдак маҳсуб меёбанд. Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, зеро саҳлангорӣ ва бетарафӣ дар тарбияи фарзанд ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеаи мо монеъ мегарданд.
Тарбияи фарзанд дар рўҳияи баланди ватандўстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад.
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».
Ҳамаи ин ӯҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқуқиро ба бор оваранд, ки аллакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад,-
ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак:
— маводди дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро паҳн кардан;
— ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан;
— ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондан;
— ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо,-
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ва кормандони муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба андозаи аз бист то бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд,-
ба андозаи аз сӣ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба андозаи аз чил то чилу панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳафтоду ҳашт сомониро ташкил медиҳад, Ҳамаи ин дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн такрор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд. Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.
Назарзода Нурулло Раҳматулло
Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истиқлол
Суди шаҳри Истиқлол 

