Лексия сӯҳбат бо шунавандагони курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат»

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол лексия сӯҳбат бо шунавандагони курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки дар он Раиси Суди шаҳр Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ ширкат варзид.

Дар рафти дарс  Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ оид ба фаъолияти мақомоти суди кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон баромад намуда, ҳамчунин оид ба раванди фаъолият дар самти мурофиаҳои судӣ ва дигар мушаххасоти парвандаҳои судӣ баромад кард.

Ҳамзамон Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ оид ба хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди устувори соҳаҳо дар кишвар, таъмини амният ва сулҳу субот дар мамлакат, қабули Конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва зиндагии шоиста мардум суханронӣ пешниҳод кард..

Қайд шуд, ки бояд ҳар як нафар фарди худшинос ва ватандӯст ба муқаддасоти милливу давлатӣ арҷ гузорад ва дар татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ саҳм гузорад.

Дар охир аз ҷониби шунавандагон бобати фаъолияти самти судӣ, таҷрибаи соҳа, ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа саволу

дархостҳо пешниҳод намуданд.