Паёми Пешвои миллат-роҳнамои фаъолияти бонизом

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳр  дар асоси барқияи  Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи  банди 29 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-декабри соли 2025 ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарғиби нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, Раиси Суди шаҳри Истиқлол Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ, прокурори шаҳри Истиқлол Ҳасанзода Аббос Рӯзибой, сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлолбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Орифов Вафо Обидхӯҷаевич ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Алиматзода Шероз Шавкат иштирок намуданд.

Сараввали Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода баромад намуда, қайд намуд, ки дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба дастовардҳои мамлакат то соли 2025 ва   нақшаҳои минбаъда баромад намуда, бобати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо дастуру супоришҳо доданд.

Сипас Раиси Суди шаҳри Истиқлол Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар доданд баромад намуда, қайд намуд, ки  ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амали шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Ҳамчунин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Алиматзода Шероз Шавкат баромад намуда, оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир масъалаи татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки  яке аз масъалаҳои муҳим  дар ҳаёти имрӯза ба шумор меравад суханронӣ кард.

Қайд гардид, ки  имрӯз вақти он расидааст, ки ҳарчӣ бештар дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.

Бо истифода аз фурсат Алиматзода Шероз Шавкат ҷавононро ба илму донишомӯзӣ, ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзиҳои миллӣ даъват кард.

Дар идомаи вохӯрӣ прокурори шаҳр Ҳасанзода Аббос Рӯзибой оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, махсусан оид ба риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълима тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз нишастагон даъват ба амал баровард.

Ҳамчунин зимни баромади хеш Ҳасанзода Аббос Рӯзибой бо  пеш овардани иқтибосҳо аз Паёми навбатии Роҳбари давлатамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, пардохти истифодаи он, назорати раванди тарбия баромад намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал баровард, ки дар масъалаи татбиқи қонунҳои миллӣ ва дастурҳои Пешвои миллат, ки дар Паём  ироа гардиданд ҳар як шаҳрванд бояд кӯшиш ба харҷ намояд.

Инчунин сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлолбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд  Орифов Вафо Обидхӯҷаевич баромад намуда қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хатари  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва  пешгирии зуҳуроти номатлуб аз қабили радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва  ҷиноятҳои киберӣ баромад намуда, қайд карданд, ки “Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.»

Дар ҳақиқат сулҳу субот ва амнияту осоиштагӣ, ки дар кишварамон вуҷуд дорад  имкон дода истодааст, ки  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ дар мамлакатамон беҳтар шуда истодааст.

Ҳамчунин дар баромади хеш Орифов Вафо Обидхӯҷаевич бо мисолҳои равшан оид ба оқибатҳои фаъолияти хатарбори гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва даъвати аҳолӣ ба муттаҳидиву сарҷамъӣ сухан гуфт.

Дар охир Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода баромад намуда гуфтанд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои  давлати соҳибистиқлоламон аст, ки дар давоми 25 сол ироа шуда истодааст ва яке аз рамзҳои  асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон тавре аз Паёми имсолаи Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси  Олии кишвар бармеояд, кишвари азизамон Тоҷикистон бо давлатҳои Ҷаҳон ҳамкории судманд  дар самтҳои гуногун дорад ва Тоҷикистонро имрӯз беш аз 180 давлати дунё ҳамчун кишвари дунявӣ ва ягона мешиносанд ва пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо барои ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва дигар муаммоҳои ҷаҳони имрӯза дар Созмони Милали Муттаҳид мақоми баландро  сазовор гаштааст.

Дар ҳақиқат дар Паёми навбатиашон Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳамияти махсус дода, қайд намуданд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика, коммуникатсия, саноат, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Ҳамчунин якчанд фаъолони шаҳр ва ҷавонон низ баромад намуда, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ҳамчун нақшаи ояндаи ободу озоди Тоҷикисттон эълон намуданд.