Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон
Имрӯз дар толори Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол бахшида Рӯзи байналмилалии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз дар самти таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, алалхусус экстремизму терроризм, мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандӣ ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, танзими ҷашну маросим дар ҷомеа доданд Конференсияи сиёсӣ доир гардид.
Дар конференсияи имрӯза Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, намояндаи Шурои уламои дини вилоят Байзоев Орифҷон, Раиси Суди шаҳри Истиқлол Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ, сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Орифов Вафо Обидхӯҷаевич, намояндаи прокуратураи шаҳри Истиқлол Нишонов Алишер Баҳриддинович ва намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Бобохоҷаев Забариддин ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар кори Конференсияи имрӯза муовинони раиси шаҳр, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр, ҷавонон ва сокинони шаҳр иштирок карданд.
Раиси шаҳри Истиқлол дар рафти чорабинӣ қайд кард, ки чуноне ки мову Шумо иттилоъ дорем дар шароити имрӯза мушкил гардидани вазъи геополитикии ҷаҳон, то рафт авҷ гирифтани терроризму экстремизм, ифротгароиву хурофотпарастӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб моро водор месозад, ки ба таври ҳамешагӣ ба масъалаи бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ ташкил ва гузаронем. Ва ташкили конференсияи имрӯза низ аз он шаҳодат медиҳад.
Дар рафти Конференсия вобаста ба мавзӯи “Экстремизм ва терроризм аз нигоҳи Ислом” намояндаи Шурои уламои дини вилоят ба Байзоев Орифҷон, оид ба мавзӯи “Нақши мақомоти Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи экстремизм” Раиси Суди шаҳр Азаматзода М. А., оид ба мавзӯи “Хатарҳои ифротгароӣ ба амният ва сулҳи ҷомеа”сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлолбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Орифов Вафо Обидхоҷаевич, оид ба мавзӯи “Сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва таъмини ҳамзистии осоишта муқобили ифротгароӣ” муовини Раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз, оид ба мавзӯи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи байналмилалии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад намояндаи Прокуратураи шаҳр ба Нишонов Алишер Баҳриддинович, ҳамчунин доир ба мавзӯи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ” сухан ба Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Раззоқова Наргиза ва вобаста ба мавзӯи “Экстремизм-роҳи нобудии инсон, монеагӣ ба рушди давлат ва ҷомеа” намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохоҷаев Забариддин баромад намуда, маърӯза пешниҳод намуданд.
Дар охир қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат, мавзӯҳое, ки дар Конференсияи имрӯза мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд саривақтӣ буда, бори дигар моро водор месозад, ки дар масъалаи пешгирии амалҳои номатлуби замони муосир чораҳои зарурӣ андешем ва пайваста шаҳрвандонро оид ба хатари ин падидаҳои номатлуб огоҳ намоем.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Истиқлол бо шукргузорӣ аз сиёсати ватандӯстона, хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидона ва сарҷамъона барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр камари ҳиммат бастаанд.



Суди шаҳри Истиқлол 

