Тақсимоти асари безаволи Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба сокинони шаҳри Истиқлол
Бо иқдоми фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» баргузор гардид.
Тақдими китобҳои “Шоҳнома” дар нуқтаи шаҳр дар Қасри фарҳанги шаҳр ва МТМУ№1-и шаҳр ба роҳ монда шуд.
Нахуст, санаи 12- уми декабри соли равон доир ба тақсимоти китоб дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол чорабинии васеъ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Амирҳамза, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ва сокинон иштирок доштанд.
Қаблан, дар чорабинӣ раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода суханронӣ намуда, ин иқдоми беназир, маорифпарварона ва ватандӯстонаву инсонпарастонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боиси ифтихори сокинони шаҳр арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳр дар баромади худ ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: “Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт”.
Мӯҳтарам Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Суди шаҳри Истиқлол 

